Мулоқоти фармондеҳони Ироқу Сурияву Эрону Русия дар Бағдод

Мулоқот дар Бағдод сурат гирифт.

Мақомоти Ироқ гуфтанд, ки фармондеҳони олирутбаи кишвар бо ҳамтоёни худ аз Русияву Эрон ва Сурия мулоқот карда ва амнияти минтақавӣ ва мубориза бо гурӯҳи ба ном Давлати исломӣ ва дигар ифротгароёнро баррасӣ кардаанд.

Вазорати дифои Ироқ рӯзи 1-уми сентябр гуфт, дар мулоқот ҳайатҳо бо раҳбарии муовинони сардори ситодҳои нерӯҳои мусаллаҳ ширкат доштаанд ва “ҳамкориҳову ҳамоҳангсозӣ дар арсаҳои амниятӣ ва табодули иттило байни кишварҳоро баррасӣ карданд.”

Русияву Эрон дар ҷанги 7-солаи Сурия ба ҳукумати раиси ҷумҳур Башор Асад, ки бо ошӯбгарони таҳти ҳимояти кишварҳои ғарбӣ меҷанганд, кӯмак мекунанд. Дар ин ҷанг гурӯҳи ба ном Давлати исломӣ ширкат мекунад, вале ҳамаи тарафҳо мухолифи он ҳастанд.

Гуруҳи мазкурро, ки қаламравҳои васеи Сурияву Ироқро ишғол кард, асосан нерӯҳои эътилофии ба раҳбарии Амрико аз ин минтақаҳо ронданд ва ҷангҷӯёни он ҳоло дар манотиқи алоҳидаи хурди Сурияву Ироқ боқӣ мондаанд.

Эрон як шарики наздики Ироқ низ ҳаст ва ин кишвар талош дорад, ҳамкорияшро ҳам бо Эрону Амрико, ки рақибони сахт ҳастанд, дар тавозун нигаҳ дорад.