Эрон хабари "Ройтерс"- ро дурӯғ ва мазҳака номид

Арабистони Саудӣ дар гузашта Эронро муттаҳам кардааст, ки ба ошӯбгарони Ҳусӣ дар Яман мушак додааст.

Эрон гузориши хабаргузории “Ройтерс” дар бораи ба ихтиёри гуруҳҳои шиамазҳаб додани мушакҳои баллистикӣ ва омода кардани онҳо барои тавлиди чунин мушакҳоро рад кард.

Хабаргузории давлатии ИРНА аз қавли Баҳром Қосимӣ, сухангӯи вазорати умури хориҷии Эрон рӯзи 1-уми сентябр навишт, “Чунин хабари дурӯғ ва масхара ҳеҷ ҳадафе ба ғайр аз бад кардани робитаҳои хориҷии Эрон бахусус бо ҳамсояҳояш надорад.” Ба гуфтаи ӯ, “Ҳадафи ин хабар танҳо, барангехтани тарс дар кишварҳои минтақа аст.”

“Ройтерс” рӯзи 31-уми август бо такя ба гуфтаҳои се мақоми расмии Эрон, ду манбаи иттилоотӣ аз Ироқ ва ду манбаи иттилоотии ғарбӣ навишт, ки Эрон ба шариконаш дар Ироқ дар чанд моҳи гузашта мушакҳои кӯтоҳпарвоз фиристодааст.

Бар асоси ин гузориш, Эрон ҳамчунин ба ин гуруҳҳои шарикаш кӯмак мекунад, худашон истеҳсоли чунин мушакҳоро оғоз кунанд. Майк Помпео, вазири умури хориҷии Амрико рӯзи 1-умт сентябр навишт, аз гузоришҳо дар бораи интиқоли мушакҳои баллистикӣ ба Ироқ “амиқан нигарон аст.”