Амрико Покистонро аз 800 миллион доллар маҳрум кард

Артиши Покистон ҳангоми раҳпаймоӣ

Артиши Амрико гуфт, ихтисоси 300 миллион доллар кӯмаки низомӣ ба Покистонро лағв мекунад, зеро ин кишвар барои мубориза ифротиён ба қадри кофӣ кӯшиш намекунад.

Эълони лағви кӯмак дар остонаи сафари Майк Помпео, вазири умури хориҷии Амрико ва генерал Ҷозеф Данфорд ба Исломобод сурат мегирад. Доналд Трамп раиси ҷумҳури Амрико аввали имсол ихтисоси ин кӯмак низомӣ ва дигар кӯмакҳо ба Покистонро муттавақиф карда буд.

Ҳукумати Трамп мегӯяд, ки Покистон ба террористоне, ки 17 сол аст, дар Афғонистон ҷангро идома медиҳанд, паноҳгоҳ медиҳад. Покистон ин иддаоро рад мекунад.

Кон Фолкнер, сухангуи вазорати дифои Амрико, рӯзи 1-уми сентябр дар Вашингтон гуфт, “Ба сабаби набуди иқдомоти муассири Покистон барои кӯмак дар иҷрои Стротегияи Осиёи Ҷанубӣ, ихтисоси 300 миллион доллар бознигарӣ шуд.”

Ба гуфтаи ӯ, аввали имсол Конгресси Амрико ихтисоси 500 миллион доллар кӯмак ба Покистонро лағв кард ва дар маҷмӯъ ин кишвар аз 800 миллион доллар кӯмаки молии Амрико маҳрум мешавад.

Қарор аст, рӯзи 5-уми сентябр Майк Помпео, вазири умури хориҷӣ ва Ҷозеф Данфорд, фармондеҳи баландпояи Амрико барои дидор бо мақомоти Покистон ба Исломобод сафар кунанд.