Мақомдори пешини ФИФА барои ришвахорӣ 9 сол зиндонӣ шуд

Ҳуан Анҳел Напоут ҳангоми ҳозир шудан ба додгоҳи Бруклин

Додгоҳи Ню Йорк муовини пешини раҳбари ФИФА- Федератсияи футболи байналмилалӣ Ҳуан Анҳел Напоутро барои ришвахорӣ 9 сол аз озодӣ маҳрум кард.

Ба ғайри ин, бо қарор додгоҳ, ки рӯзи 29 август эълон шуд, беш аз се миллион доллар, ки Напоут ҳамчун ришва гирифтааст, мусодира мешавад. Ӯ барои содир кардани ин ҷурм ҳамчунин бояд 1 миллион доллар ҷарима супорад.

Моҳи майи соли 2015, дар остонаи интихоби раҳбари созмон, ФИФА дар маркази ҷанҷоли фасодкорӣ қарор гирифт. Бюрои федеролии тафтишоти Амрико - FBI мақомоти баландпояи ФИФА-ро ба пулситонӣ ва қаллобӣ муттаҳам кард.

Ба гуфтаи тафтишот, аз солҳои 1990 маблағи фасодкорӣ дар байни мақомоти олии ин ниҳод 150 миллион доллар ҳисоб шуд. Ийолоти Муттаҳида алайҳи 14 мақомдори ФИФА айб эълон кард. Беш аз 40 нафар дар парвандаи фасодкорӣ баррасӣ мешаванд.

Раҳбари онвақтаи ФИФА Йозеф Батлер дар пасманзари ҷанҷоли фасодкорӣ аз мақомаш истеъфо дод.