Ашраф Ғанӣ истеъфои се вазири қудратиро напазируфт

Ашраф Ғанӣ

Ашраф Ғанӣ, раиси ҷумҳури Афғонистон, истеъфои се вазири қудратии ин кишварро напазируфт.

Ториқшоҳ Баҳромӣ – вазири дифоъ, Вайс Аҳмад Бармак – вазири корҳои дохилӣ ва Муҳаммад Станакзай – раиси амнияти миллии Афғонистон рӯзи 26-уми август расман номаи истеъфояшонро ба Ашраф Ғанӣ супурдаанд.

Аммо ҳукумати Афғонистон мегӯяд, раиси ҷумҳур ин истеъфоҳоро напазируфт ва баръакс аз онҳо хост, ба масъулиятҳояшон идома дода, вазъияти амниятиро беҳбуд бахшанд.

Як рӯз пеш аз ин Муҳаммад Ҳаниф Атмар, раиси Шӯрои амнияти миллии Афғонистон истеъфо дод. Ҳукумати Афғонистон мегӯяд, ки Ашраф Ғанӣ истеъфои ӯро қабул кардааст.

Ҳоло Ҳамидулло Ҳабиб, сафири Афғонистон дар Амрико ба ҷои ӯ раиси Шӯрои амнияти миллӣ таъйин шудааст. Ҳамидуллоҳ Ҳабиб шаби гузашта дар Фейсбук навишт, ин масъулиятро дар замоне бар уҳда мегирад, ки мардуми Афғонистон ҳанӯз бо тарс ва хатар аз терроризму ноамнӣ зиндагӣ мекунанд.