Кӯдакон дар Кафтархона 1207 тири тапончаи "Макаров"-ро ошкор карданд

акс аз бойгонӣ

Ду хонандаи синфи шаши мактаби №16 деҳаи Кафтархонаи ҷамоати Худоёр Раҷабов ноҳияи Восеъ ҳафтаи гузашта, аз талу теппаҳои ин деҳа 1207 дона тири таппончаи “Макаров” пайдо карда, ба мақомот таслим кардааст.

Ҷамоллидин Икромов, раиси ҷамоати Худоёр Раҷабови ноҳияи Восеъ 23 август дар суҳбат ба Радиои Озодӣ ин хабарро тасдиқ кард ва гуфт, ки ин ҳодиса ду ҳафта қабл дар деҳаи Кафтархона рух дода буд. Икромов гуфт, ки Аҳлиддини Самариддин ва Амирҷони Аслиддин, ки ҳарду хонандаи макатби №16 ҳастанд, ҳангоми алафдаравӣ 1207 тирҳоро пайдо карда ба хонаашон оварданд. Ӯ мегӯяд, ки баъди ин падару модари ин ду кӯдак тирҳоро гирифта, ба ҷамоат омаданд ва онро ба мақомот таслим карданд.

“Ду ҳафтаи пеш ду хонанда мактаби №16 ҷамоати мо, ки дар деҳаи Кафтархона зиндагӣ мекунанд, ҳангоме ба алафдаравӣ мераванд, 1207 дона тири тапончаи “Макаров” пайдо карданд, ки касе дар он талу тепаҳо ва заминҳои васеъ пинҳон кардааст. Ин ду кӯдак онро гирифта, ба хонаашон оварданд ва падару модари ин ду кӯдак онҳоро гирифта, ба ҷамоат оварданд. Ман тирҳоро гирифтам, ки нав буданд ва онро ба мақомот бурда таслим кардам”,--гуфт мусоҳиби мо.

Мақомот баъди дарёфти 1207 дона тир ба Аҳлиддини Самариддин ва Амирҷони Аслиддини 12-сола 100-сомонӣ туҳфа ва ифтихорнома тақдим кардааст. Аз ҳукумати ноҳияи Восеъ низ ин хабарро тасдиқ карданд ва гуфтанд, ки тақдими туҳфаҳо ба Аҳлиддини Самариддин ва Амирҷони Аслиддин рӯзи 23 август бо иштироки раиси ноҳия ва дигар сохторҳои қудратӣ сурат гирифт.

Ин бори аввал нест, ки дар ҳудуди ноҳияи Восеъ хонандагон тири яроқу маводи мухадир пайдо мекунанд.

Тобистони соли 2016 Давлаталӣ Тоҳиров ва Рамшеди Ҷамшед, хонандагони мактаби №4 деҳаи Меҳнатобод (Қурбоншаҳиди собиқ) баъди таъмири мактаб ва ҳангоми оббозӣ дар дарёи Сурхоб 27 кило маводи мухадир дарёфт карда буданд.

Ин ду наврас гуфта буданд, ки ҳангоми оббозӣ дар дарё ногаҳон чашмонашон ба як баста ва ду халтаи бо рӯймол афғонӣ пайдо карда, ба як роҳгузар нишон дода, баъдон онро ба мақомот таслим карда буданд.

Баъди дарёфт ва таслими маводи мухадир Шуъбаи Вазорати корҳои дохилаи ноҳияи Восеъ дар ҳузури омӯзгорону хонандагон ифтихорнома ва дучарха тақдим карда буданд.