Вазорати ҳолатҳои фавқулодаи Узбекистон ному насаби 26 шаҳрванди ин кишварро нашр кард, ки дар наздикии шаҳри Москваи Русия заҳролуд шуданд. Ба иттилои вазорат, табибон вазъи сиҳатии онҳоро бехатар арзёбӣ кардаанд.
"Ин шаҳрвандон 18 август маҳсулоти гуногун истеъмол кардаанд. 21 август баъди он ки вазъи сиҳатиашон бадтар шуд ва табобати худсарона натиҷа надод, онҳо ба ёрии таъҷилӣ муроҷиат карданд. То омадани табибони ёрии таъҷилӣ яке аз онҳо вафот кард. 23 тани дигари онҳо бистарӣ шуданд", - хабар дод вазорат.
Дар ҳоли ҳозир сафорати узбекистон талош дорад, ки ҷасади шахси фавтидаро ба ватан интиқол диҳад.