Садри аъзами Олмон Ангела Меркел бо ҳадафи музокироти интиқоли гази Озарбойҷон аз баҳри Каспий ба Аврупо озими Боку шуд.
"Баъди танқиди президенти ИМА Доналд Трамп, ки гуфт, "Олмон асири Русия шудааст", Меркел барои гази Русия ҷойгузин мекобад. Ҳарчанд аз лӯлаи "Маҷрои шимолӣ" даст накашидааст", - гуфт хабаргузории Reuters рӯзи 22-юми август.
Хабаргузорӣ бо такя ба як мақоми баландпояи Олмон навишт, ин кишвар ба бунёди долони ҷанубии интиқоли газ манфиатдор аст. Ҳамсӯҳбати хабаргузориӣ ин долонро "як бахши стратегияи танаво"-и интиқоли энержии Русия ба Аврупо унвон кард.
Ба гуфтаи ин манбаъ, дар байни мавзуъҳое, ки Меркел бо мақомоти Озарбойҷон матраҳ мекунад, модернизатсияи сохтор барои интиқоли минбаъдаи гази Озарбойҷон тавассути Туркия ба Аврупо аз мавзуъҳои музокирот хоҳад буд.
Моҳи гузашта Кохи Сафед дар баробари он ки Олмонро "асири Русия" ва тарҳи "Маҷрои шимолӣ"-ро бадтарин тарҳ номид, ҳамчунин ҳушдор дод, ки иштирокдорони ин тарҳро таҳрим хоҳад кард.