Ширкати "Asian Express" барои роҳандозии ҳаракати автобусҳо ба шаҳрҳои Узбекистон, 40 дона автобусҳои тамғаи "MAN" ва "TEMSA" харидорӣ кардааст. Абдуқаҳҳор Холов, сармуҳосиби ин ширкат 22-уми август дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ ин хабарро тасдиқ карда ва гуфт, ки қарор аст ин автобусҳо аз Душанбе ба самти шаҳрҳои Самарқанд, Бухоро, Термиз, Деҳнав, Сариосиё ва Узун, ҳаракат кунанд.
"Мо беш аз як моҳ аст, ки ҳуҷҷатҳои зарурӣ барои ифтитоҳи ин масирҳоро омода карда, ба ҷониби Узбекистон супоридем. Аммо ҷониби Узбекистон то ҳол ширкати мусофиркашон дар ин масирҳоро интихоб накардааст ва ба ин далел, ҳанӯз ҳаракати автобусҳои мо дар ин масирҳо оғоз нашудаанд",- афзуд ҷаноби Холов.
Вай афзуд, ҳамзамон ин ширкат барои мусофиркашонӣ дар навоҳии тобеи маркази Тоҷикистон 300 адад автобусҳои сохти Қазоқистонро фармоиш додааст, ки бархе аз онҳо аллакай вориди Тоҷикистон шудаанд. "Миқдори боқимондаи автобусҳо марҳила ба марҳила дар ихтиёри ширкати мо қарор дода мешавад", гуфт Абдуқаҳҳор Холов.