Эрдуғон буҳрони пулиро “ҳамла” ба иқтисоди Туркия донист

Раҷаб Таййиб Эрдуғон

Раҷаб Таййиб Эрдуғон – раиси ҷумҳури Туркия – гуфт, ки далели буҳрони пулӣ дар кишвараш “ҳамла” бар иқтисоди он кишвар аст. Изҳороти Эрдуғон рӯзи 20-уми август, як рӯз пеш аз Иди Қурбон, садо дод.

Таниши байни Туркия ва Амрико ба хотири ҳабси роҳиби амрикоӣ ва ваъдаи Анкара барои хариди системи дифои ҳавоии S400 аз Русия бештар шуд ва Иёлоти Муттаҳида алайҳи Туркия таҳрим эълон кард.

Роҳиби амрикоӣ Эндрю Брансон моҳи октябри соли 2016 дар Туркия ба ҳимоят аз фаъолиятҳои террористӣ муттаҳам шуд ва дар ростои 35 соли зиндон қарор дорад.

Дар як суханронии қаблан сабтшуда Эрдуғон хитоб ба мардуми кишвари худ гуфта буд, онҳое, ки сабаби буҳрони пулӣ дар Туркия ҳастанд, мехоҳанд, Туркия ва сокинонашро ба зону шинонанд.

Вале ӯ афзуд, Туркия тавоноӣ ва қудрати беруноӣ аз ин буҳронро дорад.