Бозори гарми мардикорон дар Душанбе

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Дар Тоҷикистон мизони бекорӣ ҳамоно дар сатҳи боло боқӣ мемонад. Наздики миллион нафар аз сокинони қобили меҳнат ба муҳоҷирати меҳнатӣ рӯ меоранд ва садҳо ҳазори дигар талоши пайдо кардани кор дар ватанро доранд. Солҳост бозори мардикорҳо дар чанд гӯшаи кишвар аз ҷуяндагони кор кам намешавад.