Рӯзи 1 август сокинон ва меҳмонони маркази вилояти Суғд ройгон савори автобусҳои нав сайр хоҳанд кард.
Маъмури Юсуфзод, сухангӯи раиси шаҳри Хуҷанд гуфт, ки дар рӯзи аввал бепул мусофиркашонӣ кардани 25 автобуси нави “ЛИАЗ” бо дастури раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода сурат мегирад.
Баъд аз ин то ҷорӣ кардани пардохти кортӣ раҳкиро дар автобусҳо 1 сомонӣ таъин шудааст.
Ин дар ҳолест, ки ҳамин моҳ роҳкирои нақлиёти мусофирбари ҷамъиятӣ дар вилояти Суғд аз 20 то 30 дарсад боло рафт. Идораи нақлиёт раҳкирои микроавтобус дар Хуҷандро, ки қаблан 1 сомонӣ буд, ба 1 сомониву 30 дирам боло бурд. Вале нархи кирои роҳ дар автобусҳои нав боз поин бурда шуд.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Хуҷанд соҳиби 25 автобуси нав шуд
Дар навбати аввал ҳафтаи гузашта 25 автобуси “ЛИАЗ” ба Хуҷанд ворид гардид ва қарор аст 75 чунин автобус ба маркази вилояти Суғд оварда шуда, ба мусофиркашонӣ шурӯъ кунанд.
Ин автобусҳо дорои 25 ҷои нишаст буда, дар маҷмӯъ, гунҷоиши 70 мусофирро дорад ва микроавтобусҳои кӯҳнаро иваз хоҳанд кард.
Дар ҳоли ҳозир, бино ба омори расмӣ, ҳудуди 1,5 ҳазор маршрутка дар хатсайрҳои дохил ва берунишаҳрии Хуҷанд дар ҳаракат аст. Дар канори он ҳаракати ҳудуди 35 ҳазор нақлиёти хусусии сокинони Хуҷанд роҳҳоро пур кардаву тамбаҳо сохта, ба сокинон дарди сар эҷод мекунад.