Дар Ярославли Русия гумонбари ҳафтуми гурӯҳи нигаҳбонони зиндон, ки соли 2017 дар шиканҷаи маҳбус Евгений Макаров даст дошт, боздошт шуд. Дар ин бора хабаргузории ТАСС рӯзи 26 июл бо такя ба додгоҳ гузориш дод. Боздоштшудаи ҳафтум нозири хурди зиндони рақами 1-и Ярослав Дмитрий Соловев будаст.
Рӯзи гузашта додгоҳи Ярославл панҷ гумонбари шикагҷаи зиндониёнро боздошт ва муҳлати боздошти гумонбари шашум - муовини раиси маҳбасро тамдид кард.
Ба гуфтаи фаъолони ҳуқуқи инсон, ки навори видеои шиканҷаи Макровро дарёфт ва ҳафтаи гузашта нашр карданд, дар шиканҷа ва таҳқири маҳбусон 18 нафар иштирок дошт.