Палатаи ҳисоби Тоҷикистон мегӯяд, ки пас аз санҷиши ин ниҳод дар вазорату идораҳои давлатӣ, 5 нафар мансабдори давлатӣ ва афроди ҳисоботдиҳанда аз вазифа барканор ва 106 нафар муҷозоти маъмурӣ шудаанд.
Се нафар аз ин афрод корманди масъули бахши маорифи ноҳияи Турсунзода номбар мешавад, ки барои аз худ кардани ҳудуди 80 ҳазор сомонӣ маблағи нақди будҷавӣ, аз вазифа барканор шудаанд. Ду нафари дигар кормандони яке аз ниҳодҳои давлатии шаҳри Бӯстони вилояти Суғд будаанд.
Палатаи ҳисоб мегӯяд, дар тӯли шаш моҳи соли ҷорӣ 188 ташкилоту муассисаҳои будҷавиb маҳаллии 9 шаҳру ноҳияро мавриди санҷиш қарор дода, 3,5 миллион сомонӣ маблағи аз андоз пинҳонкарда, 1,8 миллон сомонӣ изофанависӣ дар сохтмон, 2,2 миллион хароҷоти ғайриқонунӣ ва дар маҷмуъ 8, 2 миллион сомонӣ зиёни молиявиро ошкор кардааст. Ин ниҳод мегӯяд, ҳудуди 8 миллион сомонӣ маблағи зиёни ошкоршуда барқарор гардидааст.