Бинобар садамаи як мошини вижаи интиқоли газ, шоҳроҳи байналмилалии Душанбе-Чанок барои беш аз як соат баста монд. Аз дафтари матбуоти ширкати IRS ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки ҳодиса субҳи 13-уми июл дар километри 72-юми ин шоҳроҳ рух дода ва як мошини ҳомили газ ба як бино дар ин масир бархӯрд. Ба гуфтаи манбаъ, ронандаи ин мошин дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расид
Далер Мерганов, сухангӯи ин ширкат ба Радиои Озодӣ гуфт, ки тибқи фарзияҳо, ронандаро хоб бурда ва ин ҳолат, боиси садама шудааст. Ба гуфтаи вай, дар мувофиқа бо Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда, Вазорати умури дохилӣ ва Бозрасии давлатии автомобилӣ, ҳаракати нақлиёт дар ин масир муваққатан қатъ шуд. Вай афзуд, кормандони ширкат ҳамроҳ бо наҷотбахшони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда тавонистанд хатари таркишро бартараф кунанд ва ҳаракат дубора дар ин шоҳроҳ барқарор шуд.