Мулоқоти қудратҳои ҷаҳонӣ ва Эрон дар бораи созиши атомӣ

Сергей Лавров, вазири умури хориҷии Русия ҳангоми вуруд ба маҳалли мулоқот дар Вена.

Дипломатҳои баландпояи панҷ қудрати ҷаҳонӣ дар шаҳри Вена ҷамъ омада ва масъалаи иҷрои созиши атомӣ бо Эронро баррасӣ мекунанд.

Вазирони умури хориҷии Бритониё, Чину Фаронса ва Русияву Олмон рӯзи 6-уми июл бо Муҳаммадҷавод Зариф, вазири умури хориҷии Эрон гуфтӯгу хоҳанд мекунанд.

Ин нахустин мулоқот баъд аз он аст, ки Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико эълон кард, ки Иёлоти Муттаҳида аз созиши соли 2015 хориҷ мешавад ва таҳримот ба зидди Эронро барқарор мекунад.

Пеш аз ин мулоқот Ҳасан Руҳонӣ, раиси ҷумҳури Эрон ба раҳбарони Фаронсаву Олмон гуфтааст, ки бастаҳои иқтисодии пешниҳодкардаи Аврупо ба қадри кофӣ таъсироти таҳримоти Амрико ба зидди Эронро кам карда наметавонанд.