Маргожата Герсдорф, раиси додгоҳи олии Лаҳистон, ки бояд бар асоси қонун ба истеъфо мерафт, рӯзи чаҳоршанбе 4-уми июл ба кор баргашт, чун ба қавли ӯ, қонуни нав мухолифи конститутсия аст.
Қонуне, ки ҳизби ҳокими Ҳуқуқ ва Адолат пешниҳод кард ва тасвиб шуд, аз сеяки додрасҳои Лаҳистон мехоҳад, аз раиси ҷумҳур Анджей Дуда дархост кунанд, ки масъулияти онҳоро тамдид намояд. Маргожата Герсдорф ин корро накард.
Мухолифони давлат дар Лаҳистон мегӯянд, ки ҳизби ҳоким мехоҳад, низоми додгоҳиро зери назорат бигирад. Мардум ҳам ба зидди қабули ин қонун тазоҳурот карданд.