Мулоқоти раҳбарони Амрикову Русия - Доналд Трамп ва Владимир Путин эҳтимол дар Ҳелсинкӣ баргузор шавад. Дар ин бора хабаргузории Reuters бо истинод ба манбаи худ дар маъмурияти ИМА иттилоъ дод.
Пештар хабар дода шуд, ки эҳтимол вохӯрии раҳбарони ду кишвар 15-уми июл дар шаҳри Вена баргузор шавад. Макон ва санаи дақиқи мулоқот то ҳол расман тасдиқ карда нашудааст.
Интизор меравад, рӯзи 27-уми июн мушовири президенти Амрико дар умури амнияти миллӣ Ҷон Болтон вориди шаҳри Маскав шавад. Ӯ бояд имкони мулоқоти раҳбарони ду кишварро баррасӣ кунад.
Нашрияи Politico менависад, ки Ҳелсинкӣ дар наздикии Русия қарор дорад ва Путин низ баъд аз мулоқот метавонад ба Маскав баргашта, дар бозии ниҳоии Чемпионати ҷаҳонии футбол иштирок кунад. Ин бозӣ 15-уми июл баргузор хоҳад шуд.
Доналд Трамп ва Владимир Путин ду бор дар ҳошияи саммитҳои байналмилалӣ мулоқот карда, дастикам 8 бор гуфтугӯи телефонӣ доштаанд. Президентҳои Амрико ва Русия аз замони ишғоли нимҷазираи Қрим дар соли 2014 мулоқоти алоҳидаеро анҷом надодаанд.