Баъди 20 сол: Як узви гурӯҳи "Раҳмон-Гитлер" ба зиндон рафт

Додгоҳи Душанбе як мардро бо гумони узвият дар гурӯҳи “Раҳмон-Гитлер” ба 15 соли зиндон маҳкум кард. Хабаргузории “Ховар” менависад, ки Фахриддин Назаров барои содир намудани ҷиноятҳои роҳзанӣ ва таҷовуз ба номус ба муҳлати маҳкум шуд.

Парвандаи ҷиноятӣ рӯзи 21 июн таҳти раисии муовини раиси Суди шаҳри Душанбе Асомуддин Бобохонзода баррасӣ шудааст. Асомуддин Бобохонзода гуфтааст, ки дар ҷараёни тафтишоти пешакӣ ва мурофиаи судӣ муайян гардид, ки Фахриддин Назарови 43-сола, зодаи шаҳри Душанбе аз соли 1998 то 2001 дар деҳаи Меҳтарии Теппаи Самарқандии собиқ ноҳияи Ленин дар ба ҷиноят задааст.

Вай гуфтааст, ки раҳбари асосии гурӯҳи мазкур Самиҷон Ибодов буд ва афроди дигар зери дасти ӯ амал мекарданд. Ин гурӯҳ, ва аз ҷумла Назаров, “бо силоҳҳои сард мусаллаҳ шуда ба роҳзанӣ, тасарруфи амволи ғайр, одамкушӣ ва гаравгон гирифтани одамон машғул будааст”. Маълум нест, ки то куҷо худи Назаров иттиҳомҳои воридаро эътироф кардааст ё на ва чаро мурофиаи додгоҳӣ бо гузашти 20 соли баъд аз содир шудани ҷиноятҳо баргузор шуд.

Раҳмон Сангинов, мулаққаб ба “Раҳмон Гитлер” дар солҳои ҷанги дохилии Тоҷикистон ба ҳайси ҷангсолори бераҳме ном баровард, ки даст ба кушторҳои зиёд зада, инчунин дар қатли рӯшанфикрони тоҷик муттаҳам мешуд. Ҳадафи гурӯҳ - террори донишмандони саршинос ба хотири бесубот кардани вазъ дар кишвар ва эҷоди беэътимодӣ ба ҳукумат буд.

Мақомот дар гузашта гуфтаанд, ки соли 2001 тавонистанд ду фармондеҳи саркаш – Раҳмон Сангинов ва Мансур Муаккаловро дар минтақаи Теппаи Самарқандӣ, дар канораҳои шарқии Душанбе шикаст дода худи ин фармондеҳонро дар як амалиёт дар дараи Ромит баъди чанд рӯзи дигар нобуд кунанд. Баъди ин додгоҳҳои Тоҷикистон чандин узви зиндамондаи ин гурӯҳҳоро боздошт ва ба зиндон андохтанд.