Таърихнигори маъруфи тоҷик Раҳим Масов рӯзи 22-юми июн дар оромгоҳи Лучоби шаҳри Душанбе ба хок супурда шуд. Маросими видои донишманди тоҷик субҳи 22-уми июн дар манзилаш, дар пушти Осорхонаи миллии бостоншиносии Тоҷикистон, баргузор ва маросими ҷанозаи ӯ дар Масҷиди марказии шаҳри Душанбе бо имоматии Саидмукаррами Абдулқодирзода, раиси Шӯрои уламои маркази исломии Тоҷикистон сурат гирифт.
Ин таърихнигори маъруфи тоҷик баъд аз зӯҳри 21-уми июн дар сини 79-солагӣ бар асари сактаи мағзӣ дар яке аз бемористонҳои шаҳри Душанбе аз дунё даргузашт. Раиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон даргузашти академик Раҳим Масовро ба наздикон ва аҳли илм таслият гуфт.