Раҳбари мухолифони Украина Юлия Тимошенко гуфт, ки ният дорад дар интихоботи соли 2019-и президентӣ иштирок кунад. Дар як конфронси видеоие, ки рӯзи 20 июн тавассути Facebook пахш шуд, Тимошенко гуфт, ки ба хотири “дубора сари пояш истодани Украина” мехоҳад дар интихоботи президентӣ иштирок кунад. “Дафтари президентӣ барои ман бозии компютерӣ нест, балки маконест, ки тағйироти воқеиро барои кишвари мо ба намоиш гузорам”, гуфт раҳбари ҳизби сиёсии “Баткившина” аст.
Вай гуфт, ки дар сурати пирӯзӣ дар интихобот, референдуми тағйири конститутсияи Украинаро барпо мекунад. Ба қавли Тимошенко, “конститутсияи нав ба он хотир навишта мешавад, ки миёни ҳукумат ва мардум дар амри барҳам додани монополияи қудрат созиш ба миён ояд”. Дар идомаи изҳороташ ӯ гуфт, ки муборизаро барои бозгардони Қрим ба ҳудудҳои Украина идома хоҳад дод.