Афғонистон эҳтимоли шурӯи музокироти сулҳ бо Толибонро умедворкунанда медонад. Фаридун Қосимӣ, мушовири матбуотии Раиси ҳукумати иҷроияи Афғонистон Абдуллоҳ Абдуллоҳ рӯзи 20 июн дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ дар Душанбе гуфт, ки изҳороти ҳукумати Узбекистон дар бораи барқарор кардани тамос бо раҳбари Толибон ва баррасии дурнамои сулҳ бо онҳоро дар Кобул истиқбол карданд.
Қосимӣ гуфт, ки ҳукумати Афғонистон ҳам омода аст бо гурӯҳи шӯришӣ ба хотири субот ва хатми хушунатҳо дар ҳама шароит вориди музокирот шавад. Вай гуфт: “Ин пешниҳод умедворкунанда аст. Мо омода ҳастем бо Толибон ҳар замон ва ҳар маҳалле, ки онҳо барои музокироти сулҳ пешниҳод кунанд, гуфтушунид кунем”.
Дар посух ба ин савол, ки оё мақомоти Афғонистон ба баргузории чунин музокирот бо Толибон боварӣ доранд, оқои Қосимӣ гуфт, ки “тасмими раҳбарияти Толибон барои оташбас дар иди Рамазон умедворкунанда мебошад. Яъне, онҳо ба гуфтушунид майл доранд. Иттилое, ки мо дарёфт кардаем, низ ба эҳтимоли анҷоми чунин як музокирот моро хушоянд месозад. Аммо, албатта, дар анҷоми чунин як музокироти сулҳ нақши кишварҳои абарқудрат хеле муҳим аст”.
Рӯзи 18 июн сомонаи Вазорати хориҷаи Узбекистон хабар дод, ки дар паи иҷрои ӯҳдадориҳои Конфронси байналмилалии Тошканд оид ба Афғонистон, ки моҳи март баргузор шуд, ҷониби Узбекистон бо раҳбарияти баландпояи гурӯҳи шӯришии Толибон мулоқот анҷом дода, бо онҳо роҳҳои истиқрори дарозмуддати сулҳ дар Афғонистонро баррасӣ кардааст. Ҷонибҳои дигари дахил дар масоили Афғонистон, аз ҷумла бархе аъзои ҳукумат дар Тоҷикистон ҳам аз талошҳои Узбекистон дар амри барқарор кардани муколамаи сиёсии сулҳ бо Толибон изҳори хушнудӣ карданд.
Ин сӯҳбатҳо дар ҳолест, ки субҳи 20 июн аввалин бор баъди хатми мӯҳлати оташбас дар ғарби Афғонистон дар натиҷаи ҳамлаи Толибон ҳадди аққал 11 сарбози афғон кушта шуданд. Манобеи дигар дар вилояти Бодғис шумори кушташудаҳоро ба маротиб бештар гуфтанд. Мақомоти Афғонистон баъди хатми мӯҳлати оташбаси Иди Фитр дар таърихи 17 июн, тамдиди оташбасро ба мӯҳлати 10 рӯзи дигар пешниҳод карда буданд.