Президент Нурсултон Назарбоев фармони "Баъзе аз масъалаҳои сохтори маъмуриву ҳудудии ҷумҳурии Қазоқистон"-ро имзо кард.
Бар пояи он, номи вилояти Қазоқистони Ҷанубӣ ба Туркистон иваз гашт ва шаҳри Туркистон маркази ин вилоят шуд. Ҳамзамон Чимкент шаҳри дорои мақоми ҷумҳуриявӣ эълон шуд.
Президент Назарбоев гуфтааст: "Шаҳри Туркистон пойтахти вилояти Туркистон шуд, ки тайи асрҳо қалби сиёсиву маънавии хонигарии қазоқҳо ва тамоми туркҳо буд".
Шаҳри Туркистон дар 170-километрии шимолу ғарби Чимкент ҷойгир буда, ҳудуди 260 ҳазор сокин дорад.