Президенти Покистон вориди Душанбе шуд

Мамнун Ҳусейн, президенти Ҷумҳурии Исломии Покистон шоми 18 июн вориди Душанбе шуд. Ношири ин хабар АМИТ “Ховар” менависад, ки рӯзи 19 июн ӯ дар доираи як сафари расмӣ бо мақомоти баландпояи Тоҷикистон, аз ҷумла, бо раиси Маҷлиси намояндагон Шукурҷон Зуҳуров ва сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дидору гуфтугӯ кунад.

Дар идома, рӯзҳои 20 то 22 июн Мамнун Ҳусейн дар қатори дигари меҳмонҳои баландпоя дар Конфронси байналмилалии «Об барои рушди устувор» (барои солҳои 2018-2028) иштирок кунад.