Дар минтақаҳои Туркманистон фурӯши нон бо шиноснома ба роҳ монда шуд

Дар мағозаҳои давлатии пойтахти Туркманистон барои хариди ғизо навбатпоии тӯлонӣ мушоҳида мешавад ва дар минтақаҳои ин кишвар нонро танҳо бо нишон додани шиноснома мефурӯшанд, менависанд расонаҳо.

Дар мағозаҳои шаҳри Ишқобод камбуди шакар, орд, равған дида мешавад. Ба навиштаи расонаҳо, дар мағозаҳои давлатии Ишқобод барои як одам танҳо харидани 1 кило шакар ва 10 дона тухм иҷозат аст.

Дар бештари минтақаҳои Туркманистон дар фурӯшгоҳҳо орд пайдо кардан имкон надорад. Сокинони вилояти Дашоғуз барои харидани орд як моҳ навбатпоӣ карданд.

"Ҳоло сокинон барои харидани танҳо се кило орд як моҳ пеш дар навбат номнавис мекунанд, аммо орд тақриб ба вилоят ворид намешавад. Сокинон бисёр вазъи бад доранд, дар бозор гандум намондааст. Сокинон ба мақомот муроҷиат мекунанд, аммо дар ҷавоб танҳо ваъда мешунаванд", - менависанд расонаҳо.

Туркманистон баъди уфти арзиши газ дар бозори ҷаҳонӣ ба буҳрони иқтисодӣ ва бадшавии сатҳи зиндагии мардумаш рӯ ба рӯ шуд. Шумори бекорон дар ин кишвар меафзояд ва қисме аз шаҳрвандон дар орзуи пайдо кардани ҷойи кор ба хориҷ мераванд.