Вазири амнияти Туркманистон аз мақомаш барканор шуд

Вазири амнияти Туркманистон Давронкелдӣ Байрамов 13 июн дар ҷаласаи Шӯрои амнияти миллии ин кишвар аз мақом барканор шуд.

Бино ба гузориши телевизионҳои давлатии Туркманистон аз рӯзи 14 июн, Байрамовро барои "роҳ додан ба камбудиҳои ҷиддӣ ҳангоми ифои вазифа" барканор карда, рутбаашро низ аз полковник ба майор поин бурдаанд.

Яйлим Бердиев, ки то ин замон вазири дифои Туркманистон буд, вазири амнияти ин кишвар таъйин гашт.

Ёдрас мешавем, Байрамов 30 май барои "роҳ додан ба камбудиҳои ҷиддӣ ҳангоми интихоби кадрҳо" аз президенти Туркманистон Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов танбеҳи сахт гирифта буд.