Боздошту таъқиби 100 нафар -- иддаои ҲНИТ, радди мақомот

Ҳизби дар Тоҷикистон фаъолияташ мамнӯи наҳзати исломӣ бо пахши як баёния, аз боздошту таъқиби аъзоёни собиқаш ва хонаводаҳои онҳо дар дохили кишвар, нигаронӣ кардааст. Аммо мақомоти расмӣ дар Тоҷикистон ин иддаои ҲНИТ-ро "беасос" мешуморанд.

Ҳизби наҳзати исломӣ моҳи сентябри соли 2015 бо ҳалномаи Додгоҳи олии Тоҷикистон мамнӯъ ва созмони террористӣ эътироф шуд. Дар пайи он даҳҳо узви ин ҳизб боздошту зиндонӣ шуданд.

Дар баёнияи Ҳизби мамнӯи наҳзати исломӣ, ки субҳи душанбеи 11-уми июн дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба нашр расид, аз ҷумла омадааст, ки аз нимаи дувуми соли 2017 ба ин тараф ҳудуди 100 нафар аз аъзои собиқи ин ҳизб ва хонаводаҳояшон дар Тоҷикистон мавриди боздошт ва таъқиб қарор гирифтаанд. ҲНИТ мегӯяд, ин дар ҳолест раҳбарияти ин гурӯҳ ҳанӯз дар соли 2015 эълон карда буд, ки фаъолияти худро дар дохили кишвар қатъ кардааст ва касе ҳаққ надорад аз номи ин ҳизб фаъолият кунад.

Маҳмудҷони Файзраҳмон, сухангӯи ин ҳизби мамнӯъ, ки ҳоло дар Аврупо ба сар мебарад, рӯзи 11-уми июн ба Радиои Озодӣ гуфт, аз шумори 100 нафари боздоштшудаҳо, 2 нафарашон бар асари шиканҷа ҷон бохта, 5 нафар дар СИЗО қарор доранд ва 27 нафари дигари онҳо аз 3 то 25 сол равонаи зиндон шудаанд. Аксари афроде, ки ҲНИТ иддао дорад мавриди боздошту таъқиб қарор гирифтанд, аз Истаравшан ва Ашт мебошанд.

Ин баёнияи ҲНИТ ҳамчунин мегӯяд, "ҳукумат бо таҳдид ва роҳҳои дигари ғайриқонунӣ ба сафари шаҳрвандон, ба хусус барои тарафдорон ва аъзои хонаводаи фаъолони сиёсӣ монеа эҷод намудааст. Ҳамчунин ҳукумат дар пайи суҳбатҳои видеоӣ ва зиндаи масъулину фаъолони ҲНИТ дар шабакаҳои иҷтимоӣ, фишорро болои хонаводаҳои онҳо ташдид кардааст".

ҲНИТ бо зикри ин, ки феҳристи ному насаби таъқибшудаҳоро ба созмонҳои байналмилалӣ ирсол хоҳад дошт, аз ҷомеаи ҷаҳонӣ, "бахусус, созмонҳои байналмилалӣ, кишварҳои дуст ва шарики Тоҷикистон" тақозо кардааст, ки "барои таъмини озодӣ ва амнияти ҷонибдорони мухолифин, дигарандешон ва наздиконашон, чораҳои лозимиро бияндешанд."

Мақомот радд мекунанд

Дар ҳамин ҳол, вазорати умури дохилии Тоҷикистон ин иддаои ҲНИТ дар мавриди боздошту таъқиби аъзоёни пешини ин гурӯҳро "беасос" хонд. Умарҷони Эмомалӣ, сухангӯи вазорати умури дохилии Тоҷикистон рӯзи 11-уми июн ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳанӯз бо баёния ва феҳристи афроде, ки ҲНИТ иддао дорад мавриди таъқиб қарор гирифтаанд, ошно нашудааст ва баъд аз ошноӣ бо муҳтавои он, назари худро баён хоҳанд дошт.

Аммо мақомоти Додситонии кулл ва Идораи ваколатдори ҳуқуқи инсон (Омбудсмен) гуфтанд, ки чун фаъолияти Ҳизби наҳзати исломӣ дар Тоҷикистон ба таври расмӣ мамнӯъ аст, онҳо наметавонанад тариқи почтаи расмӣ номаҳои худро бо роҳҳои расмӣ ба ба унвони идораҳои давлатӣ ирсол доранд.

Суҳайлӣ Қодиров, намояндаи Идораи ваколатдори ҳуқуқи башари Тоҷикистон гуфт, "вақте онҳо (манзур ҲНИТ) баёнияи худро аз тариқи расонаҳо ва ё шабакаҳо ба нашр мерасонанд, ин масъалаи дигар аст, вале ба таври расмӣ онҳо наметавонанд ба идораҳои расмии кишвар изҳроти худро фиристанд зеро дар қаламрави Тоҷикистон фаъолияти ин ҳизб расман мамнуъ аст."

Як масъули Боздоштгоҳи мувақатии Сарраёсати корҳои дохилӣ воқеъ дар ноҳияи Фирдавсӣ ба Радиои Озодӣ ҳа гуфт, феълан ҳеҷ нафаре аз тарафдорон ва ё наздикони аъзои ҳизби мамнӯи наҳзати исломӣ дар боздошгоҳ қарор надорад ва ҳеҷ нафаре ҳам мавриди латтукӯб қарор нагирифтааст.

ҲНИТ "террорист" ва "мамнӯъ" шуд

Ҳизби наҳзати исломӣ моҳи сентябри соли 2015 бо ҳалномаи Додгоҳи олии Тоҷикистон мамнӯъ ва созмони террористӣ эътироф шуд. Дар пайи он даҳҳо узви ин ҳизб боздошту зиндонӣ шуданд. Раису даҳҳо узви ҲНИТ дар хориҷа паноҳ бурданд. Дар миёни кишварҳое, ки мухолифони тоҷик ба сар мебаранд, кишварҳои аврупоӣ, Туркия, Русия ва дигар кишварҳо мебошанд.

Мақомоти Тоҷикистон борҳо аз шарикон ва дигар ҳамкоронашон дар хориҷа интиқод кардаанд, ки дархости онҳоро барои "террористӣ" ва "мамнӯъ" эълон шудани ҲНИТ дар қонунҳои кишварҳояшон бипазиранд. Дар гузашта Ғарб, аз ҷумла Иттиҳодияи Аврупо аз Тоҷикистон хоста буд, ки нисбати боздоштшудаҳои ин ҳизб аз рӯи қонун рафтор карда, мурофиаҳои одилона барпо кунад.