Абдулфаттоҳ ал-Сиси савганд хӯрд

Абдулфаттоҳ Сиси ҳангоми раъйдиҳӣ дар интихоботи моҳи март

Абдулфаттоҳ ал-Сиси бо адои расмии савганд дар порлумони Миср ба даври дуввуми раёсати ҷумҳуриаш шурӯъ кард. Ӯ дар интихоботи моҳи март, ки рақиби ҷиддие дар он надошт, пирӯз шуд.

Маросими адои савганд рӯзи 2-уми июн, зери тадобири шадиди амниятӣ дар Қоҳира сурат гирифт. Абдулфаттоҳ ал Сиси фармондеҳи собиқи артиш соли 2013, аз роҳи табадуллоти низомӣ ва бо барканор кардани Муҳаммад Мурсӣ, раиси ҷумҳури исломгарои кишвар ба қудрат расид.

Тарафдоронаш мегӯянд, баъди солҳо нооромӣ ӯ амниятро дар кишвар барқарор кард, вале мухолифонаш ӯро барои саркӯби дигарандешон ва озодии баён танқид мекунанд.

Абдулфаттоҳ ал-Сиси соли 2014 баъди барканории Мурсӣ дар интихобот пирӯз шуд. Рақиби ӯ дар интихоботи имсол Мусо Мустафо Мусо, як шахсияти начандон шинохта дар Миср буд, ки фақат қабл аз оғози интихобот тасмим гирифт, дар ин корзор ширкат кунад.