Дар вилояти Сахалини Русия дар пайи гуфтугӯҳо қисме аз муҳоҷирони корпартоикардаи Қирғизистон аз талабҳояшон даст кашида, дубора ба кор баргаштанд. Дар ин бора рӯзи 25 май вебсайти бахши Қирғизии Радиои Озодӣ хабар дод.
Вазорати корҳои хориҷии Қирғизистон мегӯяд, баъди муроҷиати сафорати Қирғизистон дар Русия ба мақомоти дахлдори вилояти Сахалин, Шӯъбаи тафтишотӣ нисбати роҳбарияти ширкати «СПИРО» парвандаи ҷиноятӣ кушодааст. Ширкати мазкур дар напардохтани маоши муҳоҷирон айбдор мешавад.
Мақомот хабар доданд, ки ширкати «СПИРО» аз 44 муҳоҷири қирғизистонӣ дар маҷмуъ 633 ҳазор рубл қарздор аст.
Дар натиҷаи гуфтугӯ бо ҳузури мақомоти вилоятӣ, вакилони маҳаллӣ, мақомоти дахлдор ва корфармо, қисме аз муҳоҷирони Қирғизистон аз талабҳояшон даст кашида, дубора ба кор баргаштаанд. Роҳбарияти ширкат вазифадор шуд, ки дар ояндаи наздик маоши муҳоҷиронро пардохт кунад.
Муҳоҷирони Қирғизистон дар се иншооти сохтмонии барномаи Курил кор мекунанд. Наздики 50 сохтмончӣ рӯзи 19 май ба корпартоӣ шуруъ карданд. Онҳо талаб доштанд, ки ширкати "СПИРО" музди меҳнаташонро пардохт кунад.