Ҷонибдорони Алексей Навалний, мухолифи Кремлин, рӯзи 19-уми май дар як анҷуман Ҳизби “Русияи оянда”-ро таъсис доданд. Любов Собол, ҳуқуқдони Бунёди мубориза бо фасоди Алексей Навалний гуфт, ҳизб ҳанӯз дар Вазорати адлияи Русия сабтином нашудааст.
Масъулони ҳизби тозатаъсис мегӯянд, дар бораи сабтиноми ин созмони сиёсӣ моҳи апрели имсол ба Вазорати адлия огоҳӣ фиристода буданд.
Худи Навалний дар боздошт аст. Ин мухолифи ҳукумати Русия рӯзи 5-уми майи имсол дар ҷараёни гирдиҳамоии “Ӯ подшоҳи мо нест!” дастгир шуд.
Тайи ҳафтаҳои охир даҳҳо тарафдори Навалний низ дар гӯшаҳои мухталифи Русия боздошт шудаанд.