Дар тазоҳуроти хушунатбори Эрон дастикам як нафар кушта шуд

Тазоҳурот дар шаҳри Козеруни Эрон

Тазоҳуроти пурхушунат дар шаҳри Козеруни Эрон як нафарро қурбон ва шаш нафарро маҷруҳ кард. Дар ин бора хабаргузории нимарасмии "Форс" рӯзи 17-уми май гузориш дод.

Ба навиштаи хабаргузорӣ, тазоҳургарон идораи пулисро оташ заданд.

Хабаргузорӣ навишт, як "гурӯҳи хурд"-и эътирозгарон шоми 16-уми май дар шаҳри Козерун, 900-километрии ҷануби Теҳрон, ҷамъ шуданд.

Маркази ҳуқуқи башари Ню-Йорк бо такя ба манбаъҳои маҳаллӣ дар Эрон мегӯяд, дар эътирози пурхушунат дастикам се нафар кушта шуд. Чанд навори видеоӣ дар шабакаҳои иҷитимоӣ дар гардиш аст, ки гуфта мешавад аз намоиши эътирозии Козерун аст.

Чанд ҳафта боз дар ин шаҳр алайҳи қарори ҳукумат, ки мехоҳад бахшҳои баъзе ноҳияҳои шаҳрро бигирад ва шаҳри нав бунёд кунад, намоишҳои мусолиматомези эътирозӣ ҷараён доштанд.

Ба дунболи эътирозҳои аввал мақомот гуфтанд, ки шаҳр тақсим намешавад.

Козерун 150 000 аҳолӣ дорад ва зодгоҳи қабилаи Қашқай аст, ки баъзе онҳо суннатан бо худ силоҳи шикорӣ доранд.