Ҷасади Сайрамбӣ Холоваро аз дарё пайдо карданд

Ҷасади Сайрам, як зани 23-солаи деҳаи Сунбулаи Ҳисор дар маҳаллаи Ҷартеппа -- 30 километр поинтар аз мавзее, ки худ ва ду кӯдакашро ба дарёи Кофарниҳон андохта буд, пайдо шуд. Ҷасади ӯро тавре сокинони деҳаи Ҷартеппа мегӯянд, оби дарё ба соҳил овард ва мардум берунаш кашиданд. Аммо аз ду кӯдаки ин зан ҳанӯз дараке нест. Манзили зисти Сайрам Холова то соҳили дарёи Кофарниҳон тақрибан 20 метр мебошад.

Ғаффор Кавраков, раиси деҳаи Сунбулаи ноҳияи Ҳисор рӯзи 14-уми май ба Радиои Озодӣ гуфт, ҷасади Сайрам Холова дар соати 7-и субҳи имрӯз аз лаби дарёи Кофарниҳон ёфт шуд. Ғаффор Кавраков афзуд, аз деҳаи Сунбула то Ҷартеппа тақрибан 30 километр роҳ аст.

Вай гуфт, баъди берун овардани ҷасад аз дарё, намояндагони ташхисгоҳи ноҳия онро аз ташхис гузарониданд ва сипас ҷасад ба зодгоҳаш деҳаи Сунбула интиқол дода шуд. Ба гуфтаи раиси деҳаи Сунбула, ҷустуҷӯи фарзандони ин зан Суҳбатуллои 4-сола ва Неъматуллои 2-сола идома дорад.

Хешовандони Сайрам Холова аз шарҳи сабабҳои ин фоҷеа худдорӣ мекунанд. Мақомоти Кумитаи кор бо занон ва оила вуҷуди муноқишаву даъво дар хонаи занро сабаби аслии дилмондагии ӯ аз зиндагӣ меноманд.

Аноргул Шарипова, хушдомани Сайрам Холова рӯзи 8-уми май дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ин шева худкушии келинаш онҳоро сахт шигифтзада кард. "Дар оила ягон мушкил ва муноқиша набуд. Аз ин сабаб, ҳайронем, ки чаро бо кӯдакон худкушӣ намуд", - гуфт ӯ.

Айни замон Шарипова гуфт, ки эҳсос кард рӯзҳои охир арӯси хонавода камгап шуда, бештар китоб мехонд ва соатҳои холиашро дар танҳоӣ мегузаронд. Вай гуфт, "шавҳараш чӯпон аст. Субҳ ба чаро мераваду шом бармегардад. Ягон ҷанҷол набуд. Рӯзи гузашта садои кӯдакон набаромад, хавотир шуда хонаашро дидем, ки касе нест. Баъд ба кофтукоб даромадем. Яке аз набераҳоям кафши Суҳбатуллои чаҳорсоларо аз лаби дарё ёфта омад."