Ийолоти Муттаҳаидаи Амрико рӯзи 14 май сафорати худро расман аз Тел-Авив ба Байтулмуқаддас кӯч медиҳад. Ин қарор пуштибонии мақомоти Исроил, вале норозигии фаластиниҳо, як қатор шарикони Амрико ва бисёр кишварҳои ҷаҳонро ба бор овард.
Ҳайъати Кохи сафед нимаи дуюми рӯзи душанбе барои маросими ифтитоҳ ҳозир мешавад, дар ҳоле, ки интизор меравад фаластиниҳо дар имтитоди марзи Ғазза бо Исроил ва маконҳои дигар тазоҳурот баргузор кунанд.
Раиси ҷумҳури ИМА Доналд Трамп аввал сол Байтулмуқаддаси тақсимшударо пойтахти Исроил эътироф кард ва бо ин сиёсати тӯлонии ИМА-ро дар ин робита лағв кард.
Фаластиниҳо Байтулмуқаддаси Шарқиро пойтахти давлати ояндаи худ медонанд. Исроил тамоми шаҳрро пойтахти худ эълон кардааст- қароре, ки аз пуштибонии ҷомеаи ҷаҳонӣ бархурдор нест.
Қарори Трамп оиди кӯч додани сафорати Амрико ба Байтулмуқаддас ҳангоми овоздҳӣ дар Маҷмаи кулли СММ эътирози 128 кишвари ҷаҳонро ба бор овард.