Расонаҳо: бонкдори боздоштшудаи қазоқ аз Русия паноҳандагӣ хост

Жомарт Ертаев

Бонкдори пешини қазоқ Жомарт Ертаев, ки ҳафтаи гузашта дар Русия боздошт шуд, рӯзи 11 май бо қарори додгоҳе дар Маскав барои 40 рӯз ба зиндони пешакӣ интиқол ёфт. Ертаев дар ватанаш Қазоқистон ба дуздӣ айбдор шудааст.

Додситонӣ барои баррасии масъалаи истирдоди Ертаев ба Қазоқистон аз додгоҳ хост, ки ӯро то 16 июн ҳабс кунад. Намояндаи додситонӣ гуфт, ки эҳтимол дорад Ертаев ба хориҷ фирор кунад ё ба раванди тафтишот халал расонад.

Нашрияи русии "Коммерсант" навиштааст, ки Жомарт Ертаев дар додгоҳ гуфт, барои дарёфти шаҳрвандӣ ва ҳаққи паноҳандагӣ дар Русия тамоми ҳуҷҷатҳои заруриро пешниҳод кард. Ба гуфтаи бонкдори қазоқ, ӯ бо ангезаҳои сиёсӣ таъқиб мешавад ва ҷонаш дар хатар аст.

Бино ба хабарҳо, боздошти Жомарт Ертаев эҳтимол дорад, ба қонуншиканиҳое рабт дошта бошад, ки ӯ дар давраи роҳбарияш (солҳои 2002 то 2007) содир кардааст.

Соли 2015 додситонии кулли Қазоқистон хабар дода буд, Ертаев дар "дуздии амволи ғайр" гумонбар аст. Пештар аз ин, дар соли 2009, мақомоти Қазоқистон, саҳҳомон ва роҳбарони Бонки Алянсро дар қонуншиканӣ айбдор карданд. Он замон Ертаев боздошт ва нуҳ моҳ зиндонӣ шуд. Ӯро баъдан бо ҷарима озод карданд. Ертаев як муддат дар бонкҳои мухталифи Қазоқистон фаъолият дошт ва замоне раиси ширкати телевизиони кабелии "Алма-ТВ" ҳам буд.

Моҳи апрели соли ҷорӣ бонки Qazaq banki Ертаевро бо ин айбдор кард, ки дар давраи роҳбариаш, солҳои 2013-2016, ба наздиконаш қарзҳои бебозгашт додаст.