Президент хост, ки дар Рамазон нархҳоро боло набаранд

Раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар остонаи моҳи шарифи Рамазон аз тоҷирон хост, ки нархи молу маҳсулотро боло бурда, мардумро ба мушкил рӯбарӯ накунанд. Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 12-уми май дар мулоқот бо руҳониён ва зиёиҳо гуфт, дар ҳоле ки дар аксар кишварҳои мусалмонӣ ба хотири савоб дар Рамазон нархро поин мекунанд, дар Тоҷикистон, баръакс, нархҳо рӯ ба боло меравад.

Ӯ ҳамчунин аз мардум интиқод кард, ки дар арафаи идҳо барои ороиши дастархон маҳсулоти зиёд мегиранд, "гӯё фардо дунё ба охир мерасида бошад."

"Такроран таъкид месозам, ки чунин рафтор ғайр аз зоҳирпарастӣ, зиёдаравӣ ва исроф чизи дигаре нест. Чунин шахсон бояд донанд, ки ба андозаи зарурат муҳайё кардани маводи ғизоӣ, худдорӣ кардан аз исрофкорӣ ва оростани дастурхони камхарҷи маънавӣ барои аҳли хонаводаву хешу табору ҳамсояву дӯстон савобу манфиати зиёд дорад", - гуфт раиси ҷумҳури Тоҷикистон.

Эмомалӣ Раҳмон аз сокиноне ҳам интиқод кард, ки "рӯзаро нишонаи аслии имон дониста, шахсони бемор ва дигар одамонеро, ки имкон надоранд, ба рӯза гирифтан маҷбур мекунанд."

Ҳар сол дар остонаи моҳи шарифи Рамазон нархи маҳсулоти ғизоӣ дар Тоҷикистон, бахусус, гӯшт боло рафта, боис ба нигаронии сокинон мешавад. Дар гузашта шаҳрдории Душанбе барои дар як сатҳ нигоҳ доштани нархҳо талош карда буд, вале ба қавли сокинон ба ҷое нарасид.

Моҳи шарифи Рамазон имсол дар Тоҷикистон рӯзи 17-уми май фаро мерасад. Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон борҳо хостааст, ки мардуми доро дар ин моҳ ба камбизоатон ёрӣ карда, закоти молашонро низ ба дармондаҳо бидиҳанд.

Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар суханронии рӯзи 12-уми май бори дигар аз мардум хост, дар моҳи Рамазон бештар ба кори хайр пардохта, дар сохтмони бемористону мактабҳо ва ободии маҳалли зисти худ саҳм бигиранд. Вай ҳамчунин баъзе афрод интиқод кард, ки "Ҳаҷро ба тиҷорат табдил додаанд".