Дар ҷараёни сафари Саймуъмин Ятимов – раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистонба Афғонистон мақомоти амниятии ду кишвар тасмим гирифтаанд, ки гуруҳи кории вижа таъсис бидиҳанд.
Қодир Шоҳ, сухангӯи Шӯрои амнияти миллии Афғонистон рӯзи 10-уми май ба Радиои Озодӣ гуфт, рӯзи 9-уми май Ҳаниф Атмар, мушовири раиси ҷумҳури Афғонистон оид ба масъалаҳои амниятӣ бо ҳайати баландпояи амниятии Тоҷикистон мулоқот дошт. Ҷониби Тоҷикистон дар ин мулоқот гуфтааст, ки муштаракан бо Афғонистон алайҳи терроризм мубориза хоҳанд бурд.
Дар ин дидор, ба гуфтаи Қодир Шоҳ, масъалаи мубориза бо терроризм, қочоқи маводи мухаддир ва ҳамкориҳо дар таҳкими марзи ду кишвар ва ҳамкориҳои иқтисодӣ баррасӣ шуд. Ӯ гуфт, "ҷонибҳо дар ин мулоқот ба мувофиқа расиданд, то як тими корӣ сохта шавад, ки барои татбиқи тавофуқоти ҳосилшуда корҳои амалӣ анҷом диҳад. Тасмим шуд, ки ин тим аз ҷониби Афғонистон дар фурсатҳои наздик ба Тоҷикистон сафар кунад", - иброз дошт Қодир Шоҳ.
Саймуъмин Ятимов, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон рӯзҳои 7-9 -уми май бо як сафари корӣ дар Кобул, пойтахти Афғонистон, қарор дошт. Дар ин сафар Ятимов бо Ашраф Ғанӣ, раиси раиси ҷумҳури Афғонистон, Муҳаммад Маъсум Станикзай – сардори раёсати умумии амнияти миллӣ, Баҳром Ториқшоҳ – вазири дифоъ ва Аҳмад Вайс Бармак – вазири корҳои дохилӣ низ мулоқот кардааст.
Навори видео дар инҷост:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Вебсайти хабаргузории расмии "Ховар" менависад, ки инчунин, дар ин сафар масоили марбут ба "ошкор сохтани ҳадафҳои ташкилот ва ҳаракатҳои террористӣ, ҷустуҷӯ, муайянкунӣ ва боздошту истирдод намудани аъзои онҳо" баррасӣ шудааст.
Коршиносон мегӯянд, ҳукумати Тоҷикистон танҳо бо ҳукумати расмии Афғонистон иртибот дорад ва ҳеҷ гоҳ бо гуруҳ ва ё қавмҳои алоҳида ҳамкорӣ нахоҳад кард. Маҳдӣ Собир, коршиноси масоили амниятӣ, гуфт, бо вуҷуди онки дар наздикии марзи Тоҷикистон гуруҳҳои гуногуни ҷангҷӯ, аз ҷумла Толибон ва ДОИШ бештар мешаванд, аммо Тоҷикистон танҳо бо ҳукумати марказӣ ва расмии Афғонистон ҳамкорӣ мекунад.
“Тоҷикистон ба фарқ аз баъзе кишварҳои минтақа танҳо бо ҳукумати расмии Афғонистон ҳамкорӣ мекунад ва бо гуруҳҳои алоҳида дар ин кишвар ҳеҷ гоҳ муносибат надошт ва нахоҳад дошт. Кишварҳои минтақа бо назардошти фактори қавмӣ бо роҳбарони алоҳида дар Афғонистон муносибат барқарор мекунанд. Аммо Тоҷикистон бо вуҷуди онки 56 дарсади аҳолии Афғонистон тоҷикон ҳастанд, бо сарони қавмӣ муносибат надорад ва танҳо бо ҳукумати расмӣ сари кор мегирад”, - афзуд ӯ.
Маҳдӣ Собир афзуд, Тоҷикистон ба ин аст, ки танҳо бо устувор шудани ҳукумати марказӣ ҳамаи қавмҳои маскун дар Афғонистон ба осоишу субот мерасанд.
Ин дувумин сафари раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон ба кишварҳои минтақа дар як моҳи ахир аст. Дар нимаи дувуми моҳи апрел Саидмуъмин Ятимов дар раъси як ҳайат аз ниҳод, ба Тошканд -- пойтахти Узбекистон сафар карда буд.
Ин сафари Саймуъмин Ятимов дар ҳоле ба Кобул анҷом шуд, ки ҳафтаи гузашта Раҷабалӣ Раҳмоналӣ – фармондеҳи Сарраёсати марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон – дар як нишаст дар Душанбе аз хатари афзояндаи ҷангиёни мусаллаҳ дар марзҳои Тоҷикистон изҳори ташвиш кард. Вай гуфт, дар наздикиҳои марзи Тоҷикистон дар ҳудуди Афғонистон наздики 7 ҳазор ҷангҷӯи гурӯҳи Толибон ҷамъ шуда ва 29 пойгоҳ ва тамрингоҳҳои низомӣ таъсис додаанд.
Тоҷикистон бо Афғонистон 1400 километр марзи муштарак дорад ва мақомоти тоҷик мегӯянд, аз назари амниятӣ ва таҳдиди гурӯҳҳои ҷангиву мусаллаҳ ин марз осебпазир боқӣ мемонад.