Порлумони Чеченистон аз се даври президентӣ дар Русия пуштибонӣ кард

Владимир Путин ва Рамазон Қодиров

Порлумони Чеченистон тарҳи қонунеро омода кардааст, ки бар пояи он президенти Русия метавонад паси ҳам се давра раҳбарӣ кунад. Дар ин бора Магамед Доудов, раиси порлумони ҷумҳурии Чеченистон, рӯзи 8-уми май хабар дод. "Чунин тағйирот ба Сарқонун асосҳои демократӣ дар Русияро халалдор намекунад", - менависад РИА Новости аз қавли Доудов.

Ба навиштаи хабаргузорӣ, порлумони Чеченистон ибтикори раҳбари ин ҷумҳурӣ Рамазон Қодировро пазируфт, ки миёнаҳои моҳи апрел тамдид шудани муҳлати президентии Владимир Путинро пешниҳод кард. Рамазон Қодиров Чинро намуна овард, ки маҳдудияти интихоби раҳбарро лағв кард ва Ангела Меркелро, ки бо чаҳорум садри аъзами Олмон шуд.

Қодиров он вақт гуфта буд, "то замоне ки раҳбари феълии давлат сиҳату саломат аст, набояд дар бораи раҳбари дигар андеша кард". Рамазон Қодиров гуфт, Шӯрои федератсия ва Думаи давлатӣ бояд ин масъаларо ба реферундум гузоранд, ҳатто агар сарвари давлат ба ин розӣ набошад.

Рӯзи душанбе Владимир Путин бори чаҳорум расман президенти Русия шуд.

Моҳи декабри соли 2008 Дмитрий Медведев, ки он замон президенти Русия буд, қонун дар бораи тамдиди муҳлати президентӣ аз чаҳор ба шаш солро имзо кард.