Саудӣ ва мушкилони занон - мавзӯи баҳс дар Тоҷикистон

Албакр Файзия, устоди донишгоҳи Риёз мегӯяд, ки тӯли чанд соли ахир шоҳигарии Арабистони Саудӣ талош дорад дар кишвар баробарҳуқуқии занҳову мардҳоро таъмин созад. Вай дар ҳамоиши муколамаи занҳои Арабистони Саудӣ ва Тоҷикистон дар доираи баргузории рӯзҳои фарҳангии Арабистони Саудӣ дар Тоҷикистон 8 май гуфт, ки агар се сол қабл танҳо 215 ҳазор зани араб дар ин кишвар дар ширкатҳову коргоҳҳо машғули кор бошанд, ҳоло ин рақам ба ним миллион зан расидааст.

Аз сӯи дигар, хонум Файзия, ки худ хатмкардаи донишгоҳи амрикоӣ мебошаду феълан узви комиссияи таъмини баробарҳуқуқии занҳои шоҳигарии Арабистони Саудӣ мебошад, мегӯяд, ҳадаф ин аст, ки то соли 2030 дар Саудия барномаҳои ҳалли мушкилоти дигари бонувон қабул шавад. Бо ин вуҷуд, Албакр Файзия мегӯяд, ки таъмини баробарҳуқуқии занҳо дар Арабистони Саудӣ ба далели мазҳабӣ будани ҷомеа душвор аст ва мақомот ҳадаф гузоштааст, ки батадриҷ дар кишвар исломи маданӣ ҷойгузини исломи ифротӣ гардад.