Фарзона: Ҷоизаи "Килки заррин" бароям ногаҳонӣ буд

Фарзона (Иноят Хоҷаева)

Фарзона (Иноят Хоҷаева), шоири маъруфи тоҷик, гуфт, тақдими ҷоизаи "Килки заррин"-и Вазорати иттилоот ва фарҳанги Афғонистон барояш ногаҳонӣ ва нишотовар аст. Ӯ барандаи ин ҷоизаи адабии Афғонистон барои соли 2018 гардид. Ҳанӯз ҷоиза ба барандааш нарасидааст ва Фарзона мегӯяд, ки паёми барандаи ин ҷоиза шуданашро шунидаву хондааст.

Ӯ рӯзи 8-уми май дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, "бисёр сипосмандам аз он азизон ва ҳабибоне, ки дар Афғонистон ҳарфҳои моро шуниданд ва ба дил пазируфтанд. Ҷоизаи "Килки заррин" аслан ҷоизаи бисёр мӯътабар ва бонуфуз аст. Бузургтарин ҷоиза барои худи ман ин аст, ки ин азизон бо чашми иродат ва хулус ба осори мо нигоҳ карданд."

Озмуни "Килки Заррин" аз соли 2010 ба ин тараф доир мешавад ва дар он ҳамасола шоирону нависандагони афғон бо пешниҳоди китоб ва шеърҳояшон иштирок мекунанд. Имсол дар ин озмун 30 адиби афғон иштирок доштаанд ва байни онҳо ашъори шоираи тоҷик - Фарзонаи Хуҷандӣ барандаи ҷоиза баргузида шуд.

Ба иттилои расонаҳо, озмуни "Килки заррин" рӯзи 23-юми апрели соли 2018 аз ҷониби Вазорати иттилоот ва фарҳанги Афғонистон натиҷагирӣ шуд ва ҷоизаи Фарзонаи Хуҷандӣ аз ҷониби, мушовири Шӯрои амнияти миллии Афғонистон Наҷибуллоҳ Маналай ба намояндаи сафорати Тоҷикистон дар Афғонистон барои расонидан ба шоира, тақдим гардид.

Баргузидаи ашъори Фарзона дар 4 ҷилд ба ҳуруфи форсӣ низ нашр шудааст. Дар Афғонистон шеърҳои ӯ ба шакли пурра ба нашр нарасида, намунаҳое аз шеърҳояш рӯи чоп омадааст.

Фарзона дар мавзӯи Афғонистон низ шеър суруда ва мегӯяд, бо ҳалқаҳои адабиву фарҳангии ин кишвар, ки дар хориҷ аз Афғонистон қарор доранд, иртибот дорад. Ӯ афзуд, ба умеди ба эътидол омадани авзоъ дар Афғонистон ва барқарор шудани сулҳу субот дар ин кишвари бо Тоҷикистон дӯст ва ҳамсоя, шеър мегӯяд.

Фарзонаи Хуҷандӣ, аз маъруфтарин шоирони муосири тоҷик 3-юми ноябри соли 1964 дар шаҳри Хуҷанд чашм ба олам кушодааст. Хатмкардаи Донишкадаи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд мебошад.

Нахустин маҷмӯаи ашъорашро бо номи “Тулӯи хандарез” соли 1987 бо пешниҳоди Лоиқ Шералӣ ба нашр расонидааст. То кунун беш аз 20 китоби ашъори Фарзона, аз ҷумла “Қатрае аз Мӯлиён”, иборат аз 3 ҷилд, “Муҳри гули мино”, “Себарга”, “Девон” ва гулчини ашъораш ба забонҳои анлисиву русӣ дар Маскаву Лондон ба чоп расидааст. Дорандаи ҷоизаи ба номи Рӯдакӣ ва унвони “Шоираи халқии Тоҷикистон” мебошад.