Шарикон аз ИМА даъват карданд, ки дар созишномаи ҳастаӣ бо Эрон бимонад

Борис Ҷонсон - вазири умури хориҷии Британия

Мақомоти Британия ва Олмон талош доранд, президенти ИМА Доналд Трампро мутақоид кунанд, ки як бахши созишномаи ҳастаӣ бо Эрон бимонад. Ин қарордод соли 2015 имзо шуд ва Теҳронро уҳдадор мекунад, ки барномаҳои ҳастаишаро дар ивази лағви таҳримҳои байналмилалӣ маҳдуд кунад. Ким Даррох, сафири Британия дар Ийолоти Муттаҳида, рӯзи 6 май гуфт, ки кишвараш баррасии нигарониҳои Трампро ба хотири берун нашудани ИМА аз қарордод, имконпазир медонад.

"Ба назари ман мо метавонем ягон забон, ягон истилоҳ пайдо кунем ва ягон иқдом пиёда кунем, ки ҷавобгӯи манофеи президенти Амрико бошанд"- гуфт Даррох дар сӯҳбат бо шабакаи телевизионии CBS.

Трамп мегӯяд, ки ӯ аз шартҳои созишнома норозӣ аст ва Иронро ба нақзи рӯҳияи қарордод муттаҳам мекунад. Президенти ИМА ин нақзро дар пуштибонии Теҳрон аз гурӯҳҳои террористӣ дар Ховари Миёна ва озмоиши мушакҳои баллистикӣ мебинад. Ӯ талаб кардааст, ки камбудиҳои созишнома то 12 май ислоҳ шаванд, вагарна Вашингтон аз он хориҷ мешавад.

Британия, Олмон, Фаронса, Русия ва Чин, ки созишномаи ҳастаӣ то Теҳронро имзо кардаанд, даъват доранд, ки ИМА аз созишнома хориҷ нашавад. Шарикони Ғарбии Вашингтон мегӯянд, ки баъзе бандҳои қарордод онҳоро низ нигарон кардааст.