Академияи Шведсия эълон кард, ки Ҷоизаи Нобел дар бахши адабиёт барои соли 2018 тақдим намешавад. Ин хабар рӯзи 4 май дар сомонаи Ҷоизаи Нобел пахш шуд.
Академия гуфт, ки ҷоизаи соли 2018 дар соли 2019 тақдим тақдим хоҳад шуд.
Академия дар тӯли як ҳафтаи баҳсҳо ба натиҷае расид, ки имсол барои интихоби баранада омода нест. Ин мауссиса вориди ҷанҷоли қазияҳои бадахлоқии ҷинсӣ шуд ва дар пасманзари ин вазъ чанд узви он аз истеъфо доданд.
Академия дар як изҳорот гуфт, ки "қарор бо назардошти кам шудани теъдоди кормандон ва коҳиши эътимоди ҷомеа " пиёда шуд.
Ҳамааш аз ин оғоз шуд, ки 18 зан суратгири фаронсавӣ Жан-Клод Арноро, ки бо узви Академия Катарин Фростерсон издивоҷ кардааст, ба дастдарози ҷинсӣ муттаҳам карданд. Баъзе ҳодисаҳо дар хонаҳое ҷараён гирифтанд, ки моли Академия буд.
Арно, ки тарҳи фарҳангиро бо сармоягузории Академия пеш мебурд, иттиҳоми бадахлоқии ҷинсӣ ва пахши номи барандагони эҳтимолии ҷоизаи Нобелро рад мекунад.
Шаш узви Академия, бо шумули Фростенсон ва раҳбари ин муассиса Сара Даниус аз мақомҳои худ истеъфо доданд.
Ҷоиза Нобел дар бахши адабиёт, ки соли 1901 таъсис ёфтааст, танҳо як дафъа, соли 1943 бинобар Ҷанги дуюми ҷаҳон тақдим нашуда буд.