Қубод Оторбоев, омбудсмен ё ваколатдори ҳуқуқи инсони Қирғизистон аз президенти ин кишвар Сооронбой Ҷеенбеков даъват кард, ки вакили пешини порлумон ва раиси зиндонии ҳизби "Ота Макон" Омурбек Текебоевро авф кунад.
Омбудсмен рӯзи 3 май гуфт, ки Текебоев бояд дар ростои 25-солагии қабули Конститутсияи Қирғизистон ва 70-солагии қабули Эъломияи ҳуқуқи башар авф шавад.
Ба бовари омбудсмен, гуноҳи Текебоев дар додгоҳ собит нашуд.
Пештар аз ин чанде аз вакилони порлумон ва сиёсатмадорон низ хоҳони бозбинии парвандаи раиси зиндонии ҳизби "Ота Макон" шуданд.
Текебоев моҳи феврали соли 2017 бо гумони фасодкорӣ боздошт шуд. Тоҷири рус Леонид Маевский даъво дорад, ки Текебоев дар соли 2010 барои мусоидат кардан дар харидории саҳмияҳои ширкати "Мегаком" аз ӯ 1 миллион доллар пора талаб кард.
Додгоҳ Текебоевро дар ин қазия гунаҳкор эътироф кард ва бо мусодираи амвол 8 сол зиндонӣ кард. Раиси ҳизби "Ота Макон" ин айбҳоро рад мекунад.