Занозании гурӯҳӣ миёни мактабхонҳо дар Душанбе

Шаби 30-юми апрел миёни гурӯҳе аз хонандагони мактаби рақами 101-и ноҳияи Синои шаҳри Душанбе, задухӯрди гурӯҳӣ сурат гирифтааст. Ба гуфтаи мақомот, дар пайи ин ҳодиса як мактабхон аз ноҳияи дасташ захмӣ шуда ва дар ҳоли ҳозир дар бемористони Қаряи боло бистарӣ мебошад. Мақомоти интизомӣ дар шаби ҳодиса чанд тан аз иштирокдорони ин моҷароро боздошт кардаанд. Вазорати умури дохилии Тоҷикистон гуфт, ки дар робита ба ин ҳодиса дертар маълумот ироа хоҳанд кард.

Шоҳидон ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки моҷаро миёни хонандагони мактаби 101 дар наздикиҳои мактаби 43-и ноҳияи Сино сурат гирифтааст. Субҳи имрӯз, 2-юми май мудири ин мактаб ва раҳбарони синфҳои хонандагони боздоштшуда, барои бозпурсӣ ба идораи пулис даъват шудаанд. То ба ҳол сабабҳои ин ҳодиса маълум нест ва тафтишот оғоз шудааст.

Авоили моҳи январи соли гузашта низ дар моҷарои хунини гурӯҳе аз ҷавонони маҳаллаи 102 ва 103-и пойтахт, шуморе аз хонандаҳои ин мактаб ширкат доштанд. Дар он занозанӣ ду нафар ба ҳалокат расида буданд.