Мақомот пулситонии "Скорий"-ро ошкор карданд

Як санҷиши мақомот дар "Маркази шаҳрии ёрии таъҷилии тиббӣ" маъруф ба "Скорий" нишон додааст, ки масъулини ин марказ ҳуқуқи истеъмолкунандаҳоро поймол карда, аз 361 бемор барои ташхиси фаросавтӣ 2166 сомонӣ маблағ ба даст оварданд.

Хадамоти зидиинҳисории Тоҷикистон дар пайи як санҷиш дар «Маркази шаҳрии ёрии таъҷилии тиббӣ» пулситонии масъулини ин ниҳодро ошкор кардааст. Як манбаъ аз ин хадамот рӯзи 30-уми апрел дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, масъулони ин марказ барои ташхиси фаросавтӣ барои муайян кардани бемории курруда (аппендицит) аз ҳар як бемор маблағи 6 сомонӣ гирифтааст.

Ин ҳамсӯҳбати мо гуфт, “дар номгўи хизматрасониҳои “Ташхиси фаросавтӣ” нархномаи аз ҷониби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва Хадамоти зиддиинҳисорӣ аз 1 апрели соли 2014 тасдиқ ва мувофиқагардида, чунин номгўи хизматрасонӣ “ташхиси фаросавтӣ барои муайян намудани бемории курруда (аппендицит)” пешбинӣ нагардидааст”.

Санҷиши масъулини хадамоти зиддиинҳисори муълум кардааст, ки аз ҳисоби чунин ташхис аз ҷониби масъулини (хазинадорони) марказ дар давраи солҳои 2016-2017 ва то 20 апрели соли 2018 аз 361 нафар беморон ба маблағи 2166 сомонӣ гирифта шуда, ба хазина ворид карда шудааст. Солона дар Тоҷикистон садҳо нафар бо ин беморӣ ҷарроҳӣ мешаванд.