Заминларза дар Ишкошим шаҳри Душанберо такон дод

Заминларзаи шадиде Душанбе, пойтахти Тоҷикистонро такон дод. Сокинон мегӯянд, ҳодиса соати 20:16 дақиқаи рӯзи 28-уми апрел иттифоқ афтодааст.

Дар вилояти Хатлон низ заминларзаро эҳсос кардаанд.

То кунун Маркази зилзиланигории Тоҷикистон дар бораи ин ҳодиса маълумот надодааст. Аммо марказҳои зилзиласанҷии ҷаҳон гуфтанд, ки маҳалли заминларза дар ҳудуди Ишкошими Афғонистон, дар наздикии марз бо Тоҷикистон буда, дар марказаш ба беш аз 5 дараҷаи Рихтер мерасид.

Дар бораи хисорот гузориш нашудааст.