Порлумони Тоҷикистон рӯзи 25-уми апрел дар нишасти навбатии худ "Созишнома байни ҳукумати Тоҷикистон ва Узбекистон оид ба фаъолияти намояндагони сарҳадӣ"-ро ба тасвиб расонд. Ин созишнома рӯзи 9-уми марти соли равон дар ҷараёни сафари раиси ҷумҳури Узбекистон Шавкат Мирзиеёв, аз ҷониби руасои ҷумҳури Тоҷикистону Узбекистон имзо шуда буд.
Дар ҷаласаи рӯзи 25-уми апрел созишномаро Мансур Умаров, муовини аввали раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон муаррифӣ кард. Дар ҳоли ҳозир аз ҷониби Тоҷикистон дар 9 гузаргоҳ ва аз сӯи Узбекистон дар 11 гузаргоҳ сокинон метавонанд ба кишварҳои якдигар сафар намоянд.
Бино ба созиши Тоҷикистону Узбекистон, шаҳрвандони ду кишвар ҳақ доранд, ки ба қаламрави якдигар бе виза (дар муҳлати як моҳ) равуо кунанд. Сафири тозатаъйини Узбекистон дар Тоҷикистон ахиран гуфт, танҳо дар моҳи марти имсол марзи ду кишварро 300 ҳазор нафар убур кардаанд.