Як пиразани 72-солаи сокини шаҳри Бохтар (Қӯрғонтеппаи пешин) ба иттиҳоми муомилоти маводи мухаддир боздошт шудааст. Аз Оҷонсии назорат бар маводи мухаддир дар Хатлон рӯзи 25 апрел ба Радиои Озодӣ иттилоъ доданд, ки ин зан сокини кӯчаи Ҷалолиддини Балхии шаҳри Бохтар мебошад ва феълан ба хотири халалдор нашудани тафтишот, аз ӯ Р. А ном мебаранд.
Ин пиразан рӯзи 12-уми апрели соли ҷорӣ дар манзили зисташ боздошт шудааст. Тибқи иттилои мақомот, Р.А бо навиштани забонхат, ки аз манзили зисташ берун намеравад, дар озодӣ аст, вале зери назорат қарор дорад.
Манбаъ гуфт, ки Р.А ҳамчун миёнарав дар муомилоти маводи нашъадор боздошт шуд ва алайҳи ӯ бар асоси моддаи 200, қисми 3 банди "в"-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон парвандаи ҷиноӣ боз шудааст ва тафтишот идома дорад.