Маргталабе дар Кобул 31 нафарро кушт

Ноамнӣ аз масоили асосии нигаронӣ барои интихоботи моҳи октябр дар Афғонистон аст.

Мақомоти Афғонистон мегӯянд, дар натиҷаи бомбгузории маргталабона дар шаҳри Кобул 31 нафар кушта ва 54 тани дигар захмӣ шуданд. Таркиш дар назди издиҳоме рух дод, ки барои гирифтани корти ҳуввият дар наздикии як маркази сабти номи раъйдиҳандагон ҷамъ омада буданд. То кунун касе масъулияти ҳамларо бар дӯш нагирифтааст.

Бомбгузорӣ дар як минтақаи умдаташ шианинишин дар ғарби Кобул рух дод. Инҷоро дар гузашта ҳам ифротгароёни гурӯҳи ба ном Давлати исломӣ ҳадаф гирифтаанд.

Афғонистон рӯзи 14-уми апрел сабти номи раъйдиҳандагонро барои интихоботи батаъхирафтодаи порлумонӣ шурӯъ кард. Қарор аст, интихобот моҳи октябр баргузор шавад.