Лавров: Путин ва Трамп ба ҷанги байни Русия ва ИМА роҳ намедиҳанд

Сергей Лавров

Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия ва Доналд Трамп, президенти Амрико, ба муқовимати мусаллаҳонаи байни ду кишвар роҳ намедиҳанд. Дар ин бора вазири умури хориҷии Русия Сергей Лавров рӯзи 20-уми апрел дар сӯҳбат бо хабаргузории РИА Новости назар дод.

"Низомиҳо ба муқовивати ҳарбӣ роҳ намедиҳанд ва, албатта, президент Путин ва бовар дорам, президент Трамп низ ба ин роҳ нахоҳанд дод. Онҳо дар ҳар сурат раҳбар ҳастанд, аз тарафи мардуми худ интихоб шудаанд ва онҳо дар баробари ин мардум барои сулҳу эътидол масъулият доранд", - гуфт Лавров.

Вазири корҳои хориҷии Русия гуфт, "маъракаи русбадбинӣ" дар Амрико "камранг мешавад". "Онҳо, нафароне, ки маъракаи русбадбиниро пеш мебаранд, албатта, мехоҳанд, ки ин маърака бештар доман паҳн кунад, аммо дар ниҳояти амр метавонанд камари худро шикананд", - гуфт Лавров.

Вазири умури хориҷии Русия қаблан дар сӯҳбат бо Би-би-сӣ гуфт, ки равобити Русия ва Ғарб бадтар аз равобитест, ки дар замони ҷанги сард вуҷуд дошт, зеро "он вақт каналҳое барои тамос буд ва васвасаи русбадбинӣ, ки ҳамчун наслкушӣ тавассути таҳримҳо менамояд, вуҷуд надошт", - гуфт Сергей Лавров.