Президенти Туркманистон Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов тасмим дорад, дар бунёди лӯлаи гази "Туркманистон-Афғонистон-Покистон-Ҳиндустон" (ТАПҲ) аз ҳамтои Шавкат Мирзиёев - раиси ҷумҳури Узбекистон дархости кумаки моддӣ ва маънавӣ кунад.
Ба гуфтаи як манбаи Бахши туркмании Радиои Озодӣ ҳоло мақомот ва соҳибкорони туркман дар раъси президент Бердимуҳаммадов ба сафари Узбекистон омодагӣ мегиранд.
Манбаъ мегӯяд, Бердимуҳаммадов дар ҷараёни гуфтугӯҳои дуҷониба аз Мирзиёев дархост хоҳад кард, ки аз тарҳи лӯлаи гази ТАПҲ ҳимоят карда, барои бунёди он қарз диҳад.
Ба иттилои хабаргузории "Интерфакс", Бердимуҳаммадов пештар дар ин бора аз президенти Русия Владимир Путин кумак хоста буд. Вале Путин гуфтааст, ки ба чунин тарҳҳо бархурди эҳтиёткорона дорад ва "бояд омӯхт, ки онҳо то куҷо иҷрошаванда ҳастанд".
Бино ба иттилои хабаргузории расмии Туркманистон, Бердимуҳаммадов барои ҷалби ширкатҳои туркӣ дар бунёди лӯлаи гази мазкур машварат мекунад. Гуфта мешавад, ки Туркманистон 85 дарсади харҷи иҷрои тарҳро бар дӯш гирифтааст.